Ба гузориши агентӣи хабарии АБНА ба нақл аз расонаи сионистии Yedioth Ahronoth, рӯзими сионистӣ бо даъвои авҷ гирифтани буҳрони дипломатӣ бо Туркия, дар ҳоли баррасии пӯшидани консулгарии худ дар Истанбул аст ва танҳо сафорати ин рӯзим дар Анқараро ҳамчун намояндагии расмии худ дар Туркия боқӣ мегузорад.
Ҳар ду намояндагии рӯзими сионистӣ дар Туркия яъне сафорати ишғолгарон дар Анқара ва консулгарии онҳо дар Истанбул, аз замони амалиёти ифтихоромӯзи 7 октябр бо номи «Тӯфони Ал-Ақсо» аз ҷониби муқовимати Фаластин (Ҳамас) аз сокин холӣ будаанд.
Дипломатҳои рӯзими сионистӣ, ки ба Туркия фиристода шудаанд, дар ҳоли ҳозир дар Булғористон мустақар мебошанд, дар ҳоле ки кормандони маҳаллӣ низ аз хона кор мекунанд.
Як расонаи ибрӣ фаш кард, ки рӯзими сионистӣ дар ҳоли баррасии пӯшидани ниҳоии консулгарии худ дар Истанбул аст.
Your Comment